Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби раҳбарони нави Иттиҳодияи Аврупо мавқуф гузошта шуд


Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар нишасте, ки дар Брюссел шоми чаҳоршанбе поён ёфт, дар мавриди номзадҳо ба ду мақоми калидӣ – раиси Иттиҳодияи Аврупо ва намояндаи олӣ дар умури сиёсати хориҷӣ ба созиш нарасиданд. Ин мақомҳоро айни ҳол Ҳерман ван Ромпей ва Кэтрин Эштон ишғол мекунанд, ки ваколатҳояшон тирамоҳ ба поён мерасад.

Ба мақоми масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо вазири умури хориҷии Италия Федерика Могерини пешбарӣ шуда буд, аммо бархе аз раҳбарони аврупоӣ ӯро барои “русгарои”-яш қабул надоранд. Аз номзади асосӣ ба мақоми раиси Иттиҳодияи Аврупо – нахуствазири Дания Хелле Торнинг-Шмитт Фаронса пуштибонӣ накард.

Баррасии ин мавзӯъ то нишасти навбатии сарони Иттиҳодияи Аврупо мавқуф гузошта шуд, ки қарор аст рӯзи 30 август баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG