Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав таҳримҳои нави Амрикоро "интиқоми соддалавҳона" номид


Русия таҳримҳои нави ИМА алайҳи кишварро чун “талоши соддалавҳонаи интиқом барои аз рӯи сенарияи Вошингтон сурат нагирифтани ҳаводис дар Украина” номид. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Русия, ки рӯзи панҷшанбе, 17 июл нашр шуд, омадааст, Маскав ин таҳримҳоро беҷавоб нахоҳад гузошт. Мақомоти Русия мегӯянд, ки Русия ҷониби даргир дар низои Украина нест ва ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи кишвар амали беҷо ва бемаҳсул буда, дар инзивоъ қарор додани Русия – ғайримумкин аст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки таҳримҳои нави Амрико алайҳи кишварро бояд “бидуни шитобзадагӣ” омӯхт.

Раҳбари “Роснафт”, ки ба феҳристи таҳримҳо шомил аст, мегӯяд, ки ширкат метавонад солҳои тулонӣ бидуни сармояи Амрико кор кунад, таҳримҳо бошанд, қабл аз ҳама, ба саҳҳомони амрикоии “Роснафт” осеб хоҳанд расонд.

ИМА рӯзи чаҳоршанбе таҳримҳо алайҳи Русияро густариш дод. Ба феҳристи таҳримҳо чанд бонк, ширкатҳои энерҷӣ ва мудофиавӣ, чанд мансабдори воломақоми рус ва намояндагони ҷумҳуриҳои худхонаи Донетск ва Луҳанск шомиланд.

Дар бозори бурси Русия рӯзи панҷшанбе қурби саҳмияҳои ширктаҳои русӣ пойин рвфт, ки ба гуфтаи мутахассисон - вокуниши бозор ба таҳримҳои нави ИМА алайҳи Русия аст. Қурби евро ва доллар ҳам дар баробари рубли русӣ афзоиш ёфт.

XS
SM
MD
LG