Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неъматов ба Гаук эътимоднома супурд


Сафири нави Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов рӯзи 16 июл ба президенти ин кишвар Йоахим Гаук эътимоднома супурд. Баъд аз ин маросим мулоқоти Гаук бо дипломати тоҷик дар қасри Белвюи Берлин доир шудааст. Сомонаи расмии вазорати хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Президенти Олмон дар ин дидор изҳори боварӣ кардааст, ки Маликшо Неъматов дар мақоми сафири Тоҷикистон "ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба мусоидати фаъол хоҳад кард." Маликшо Неъматов дар моҳи июн сафири Тоҷикистон дар Берлин таъин шуд. Ӯ то интисобаш ба ин мақом раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG