Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати кишоварзӣ: Даҳҳо тонна картошка пӯсидааст


Масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон иқрор карданд, ки бо сабаби набуди яхдонҳо як қисми картошкаи захирашуда пӯсидааст.

Давлаталӣ Ҳотамов, муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 17 июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки соли гузашта дар кишвар 1 миллион тонна картошка истеҳсол шуда буд, аммо қисме аз он ба далели набуди яхдонҳо нобуд шудааст. Ӯ афзуд, тасмим гирифта шуд, ки барои нигаҳдории картошка яхдонҳои бузургҳаҷм бунёд шаванд.

Ба иттилои Яҳё Хоҷаев, як тан аз масъули вазорат, соли равон дар майдони беш аз 18 ҳазор гектар картошка кишт шудааст ва шояд мушкили болоравии нархи он дар оянда ҳал шавад. Ба иттилои мақомоти кишоварзӣ, дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 100 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст ва феълан нархи як килои он дар бозорҳо 1,5-2 сомонӣ аст.

Қосими Роҳбар, вазири кишоварзӣ, дар авоили соли равон гуфта буд, соли 2013 дар кишвар 1 миллион тонна картошка истеҳсол шудааст, ки барои бароварда сохтани ниёзи аҳолӣ басанда аст. Аммо дар фасли баҳор нархи картошка дар бозорҳои кишвар то 5 сомонӣ боло рафт ва сабабашро дар камбудӣ картошка унвон мекардад. Акнун масъулони вазорати кишварзӣ тавзеҳ карданд, ки омори пешниҳодкардаи вазир дуруст буд, аммо картошка пӯсидааст.

XS
SM
MD
LG