Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назаров ва Асанов ҳодисаи Ворухро баҳс карданд


Мулоқоти намояндагони мақомоти умури дохила ва марзбониии Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи чоршанбе таҳти роҳбарии генерал Шариф Назаров, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Хурсанд Асанов, муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон дар маҳалали марзии «Яккаурюк» (Ҷаккаурюк) оид ба ҳодисаи тирпаронии 10 июл баргузор шуд. Генерал Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд имрӯз, 17 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мулоқоти онҳо доир ба ҷараёни кори гурӯҳи фаврии тафтишотии муштарак сурат гирифт ва ҷонибҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз хулосаҳои пешакӣ, тасмим гирифтанд, ки мунтазири анҷоми кори ин гурӯҳ бимонанд. Вай афзуд, ки дар мулоқот бо Хурсанд Асанов тасим гирифтаанд, ки барои интиқол наёфтани нерӯҳои иловагӣ дар нуқтаҳои сарҳадӣ, аз сӯи мақомоти қудратии ҳарду кишвар назорат сурат бигирад. Рӯзи 10 июл бар асари тирпарронии қирғизҳо ба сӯи сокинони мулкии Ворух, 1 кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG