Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳоии 3 гаравгони қирғиз аз дасти нашъаҷалобон дар Суғд


Пулиси Тоҷикистон ва Қирғизистон се шаҳрванди Қирғизистонро, ки аз сӯи гурӯҳҳои нашъаҷалоб ба гарав гирифта шуда буданд, дар вилояти Суғди Тоҷикистон озод кардаанд. Дар ин бора Малик Нуриддинов, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакили вазорати умури дохилии Қирғзистон дар минтақаҳои ҷануб, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ, гаравгонҳо се нафар -- ду мард ва як духтар буданд ва рӯзи 12 июл дар пайи як амалиёти муштараки пулиси Тоҷикистон ва Қирғизистон раҳо шудаанд. Дар амалиёт ҳамчунин панҷ шаҳрванди Қирғизистон ва ду сокини Тоҷикистон, ки қасди интиқоли 30 килограм ҳероин ба Русияро доштанд, боздошт шудаанд. Манбаъ иллати ба гарав бурдани ин се шаҳрванди Қирғизистон аз сӯи гурӯҳҳои нашъаҷалобро ба доду гирифти маводи мухаддир рабт додааст.

XS
SM
MD
LG