Пайвандҳои дастрасӣ

Оё шаш қудрати ҷаҳонӣ ба тавофуқ бо Эрон наздиканд?


Музокироти ҳастаӣ дар Вена

Музокироти ҳастаӣ дар Вена

16 июл музокироти ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Вена идома ёфт. Қарор буд ин музокирот то 20 июл давом кунад, вале ҷонибҳои музокира мегӯянд, ки музокирот аз ҳадди ниҳоӣ, ки 20 июл таъйин шудааст, мегузарад.

Муҳаммад ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон 15 июл баъд аз ду рӯзи музокирот изҳор дошт, ки пешравӣ ба даст омадаст, вале вақти бештар зарур аст.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ки дар музокирот комёбиҳои назаррас ба даст омадааст, вале ҳанӯз ихтилофи назарҳо боқӣ мондааст.

Кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд, ки мӯҳлати расидагӣ ба барномаҳои ҳастаии Эрон то 20 сол давом кунад. Вале Эрон мегӯяд, ки ин мӯҳлат поин оварда шавад ва таҳримҳои байналмиллалӣ бар зидди Эрон ҳар чӣ зудтар аз миён бардошта шавад.

XS
SM
MD
LG