Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши хатти марзи Исфараву Бодканд


Гурӯҳҳои марзбониву интизомии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16- уми июл якҷоя хатти марзи ин кишварҳоро дар байни Суғду Бодканд тафтиш мекунанд. Ҳадаф аз ин роҳ надодан ба ҳузури нирӯҳои изофӣ дар ин марз аст. Генерал Шариф Назаров, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар нишасти матбуотиаш гуфт, имрӯз мақомҳои марзбониву интизомии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марзи миёни ду кишвар дар Исфара мулоқот карда, ба дунбол якҷоя хатти марзи ин кишварҳоро дар байни Суғду Бодканд аз назар мегузаронанд. Генерал Назаров афзуд: Ин мулоқот ба хотири он аст, ки имрӯз дар якҷоягӣ хатти сарҳадро аз назар мегузаронем, “ревизия” мекунем. Дар хатти сарҳад бояд танҳо марзбонҳо бошанд, дигар нерӯи иловагӣ набошад. Дар минтақаҳои баҳснок танҳо кормандони милиса бошанд. ”

Вай афзуд, тасмими ин бозрасӣ дар мулоқоти муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев дар Исфара гирифта шудааст. Он дидор дар рӯзи тирпарронӣ ба сӯи сокинони мулкии Ворух, ки 1 куштаву 17 захмӣ бар ҷой гузошт, доир шуда буд.

Ба гуфтаи генерал Назаров, гурӯҳи Тоҷикистонро дар ин мулоқот ӯ ва ҷониби Қирғизистонро Хурсанд Ҳасанов, муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар раҳбарӣ мекунанд. Ҳадафи аслӣ ҷилавгирӣ аз вуруди нерӯву техника ва таҷҳизоти иловагӣ ба хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар байни Исфараву Бодканд ва ҷилавгирӣ аз такрори даргириҳо гуфта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки сокинони Ворух аз таҷаммӯи бештари низомиён дар канори ин маҳали Тоҷикистон баъд аз тирпарронии рӯзи 10-уми июл ва парвози чархболҳои қирғиз аз фазои канори ин маҳал нигаронӣ мекарданд. Мақомоти қирғиз эълон дошта буданд хатти марзи худ бо Тоҷикистонро дар минтақаи Исфара тақвият бахшидаанд ва ин амр ба хотири назорати авзоъ ва такрор нашудани тирпарронӣ рӯи даст гирифта шудааст.

Бино ба хабарҳо аз Исфара, дар ҳоли ҳозир вазъ таҳти назорати нерӯҳои қудративу интизомӣ қарор дорад. Роҳҳои марзӣ барои равуои озодонаи сокинони тоҷику қирғиз боз аст.

Ба гуфтаи Шариф Назаров, дар нишасти ахири ҷонибҳо дар Исфара Шералӣ Хайруллоев, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба амнияти миллӣ ба ҳайати қирғиз пешниҳод кардааст, ки “ҷиҳати тафтиши ҳодисаи тирпарронии рӯзи 10 июл ҷонибҳо гурӯҳҳои якҷояи фавриву тафтишотӣ таъсис дода, муштаракан ҳодисаро таҳқиқ ва гунаҳкоронро муайян кунанд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд.”

XS
SM
MD
LG