Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Беларус нутфа ва 1000 сар гови ҷӯшоӣ меоранд


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мехоҳад аз Беларус барои бордор кардани говҳои ҷӯшоӣ нутфаи яхкардашуда биорад. Дафтари матуботи вазорати кишоварзӣ рӯзи 16 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, дар заминаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ миёни ду кишвар ҷиҳати харидории нутфаҳои яхкардашудаи буқаҳо як созишнома ба имзо расад. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ки тавофуқ дар мавриди ин ва созишномаҳои дигар ахиран зимни ширкати як гурӯҳи корӣ аз ин вазорат дар намоишгоҳи байналмилалии агросаноатии «Белагро-2014» ҳосил шудааст. Ҳайати вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳамчунин бо ширкати «Белплемживобъединение»-и Беларус ҷиҳати харидории чорвои наслдеҳ, нутфаҳои яхкунонидашуда, василаҳои бордоркунии маснӯии говҳои ҷӯшоӣ маслиҳат шудааст. Интизор меравад, созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ дар рӯзҳои наздик ба имзо бирасад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин мехоҳад бар пояи қарзи боимтиёзи Бонки рушди Беларус аз он кишвар 1000 сар гови ҷӯшоии зотии сиёҳу сафеди навъи “Голдштейн” бихарад. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, як ҳадафи асосиаш таъмини хубтари бозори дохӣилӣ бо маҳсулоти чорводорӣ, аз ҷумла гӯшту шир, ва мусоидат ба коҳиши нархи гӯшт дар бозор аст. Ҳоло нархи як кило гӯшти гов дар бозорҳои Душанбе аз 36 то 40 сомонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG