Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи бесарнишин 13 кас кушта шуд


Дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар минтақаи қабиланишни Покистон дастикам 13 нафар кушта шудаанд. Як мақоми расмии Покистон, ки нахост аз худ ном бибарад ва аз Мироншоҳ-бузургтарин шаҳи Вазиристони Шимолӣ сӯҳбат мекард, гуфт, субҳи 16 июл ин ҳавопаймо қароргоҳи шӯришиёнро дар минтақаи Зуй Саидгал ҳадаф қарор додааст.

Ин мақоми расмӣ гуфт, ки аз охири моҳи май ба ин сӯ, аз замоне ки ҳукумати Покистон амлиёт бар зидди шӯришиёнро оғоз кардааст, шӯришиён ба минтақаи Зуй Саидгал рафтаанд.

Аммо як мақоми дигари Покистон мегӯяд, ки 20 нафар кушта шудаанд ва 12 нафари онҳо узбактаборон будаанд. Ҳангоми ҳамла шӯришиён дар қароргоҳи худ мулоқот анҷом медодаанд.

XS
SM
MD
LG