Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳримҳои зидди Русия дар ИА баррасӣ мешавад


Имкон дорад раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоти 16 июл таҳримҳои нави зидди Русия ва зидди ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украинаро ба тасвиб расонанд.

Манобеи дипломатӣ мегӯянд, ки зоҳиран раҳбарони 28 кишвари узв ба феҳристи таҳримҳо бар зидди шахсиятҳое дар Украина ва дар Русия номҳои бештаре ворид кунанд ва ба ин тартиб онҳо аз дарёфти раводид ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҳрум ва дастрасӣ ба дороии онҳо дар ин қаламрав мамнуъ мешавад.

Манобеъ мегӯянд, ки раҳбарон ҳамчунин доираи таҳримҳоро тавсеа медиҳанд ва тадбирҳои иловагӣ низ мегиранд. Бо вуҷуди ин гузоришҳо ҳокист, ки ин таҳримҳо сабуктар аз он аст, ки бар зидди иқтисоди Русия Амрико ва баъзе кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо , аз ҷумла Полша ва кишварҳои каронаи Балтик хоста буданд.

XS
SM
MD
LG