Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ хурду бузургро ба футбол мехонад


Tajikistan -- Dushanbe, youth Tajik football players, 26 March 2014
Tajikistan -- Dushanbe, youth Tajik football players, 26 March 2014

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев соли 2014 соли оммавияти футбол дар пойтахти кишвар эълон шудааст.

Ин қарор бо мақсади иҷрои фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи Соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014», рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе, оммавӣ гардонидани машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, густариши футбол ва ҷалби бештари аҳолӣ ба ин намуди варзиш, ба танзим даровардани фаъолияти самараноки иншоотҳои варзишии сохташуда дар пойтахти кишвар қабул шудааст.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, рӯзи 16-уми июл хабар дод.

Вай афзуд, “Бар асоси ин қарор Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар бораи “Соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014” дар пойтахти кишвар тасдиқ карда шуд. Раисони ҳамаи чаҳор ноҳияи пойтахт, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муваззаф шудаанд, ки бо Федератсияи футболи шаҳр ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани ҳадафҳои «Соли оммавияти футбол», ташкили мусобиқаҳо ва тарбияи дастаҳои алоҳидаи футболбозон дар ҳар як шаҳраку маҳаллаҳо чораҳои қатъӣ андешида, аз имконоти майдонҳои ба ин мақсад бунёдшудаву дар нақшабуда самаранок истифода баранд."

Ин масъули шаҳрдорӣ дар идома гуфт, ки Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе ва Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати банақшагирию бунёди майдончаҳои футбол дар шаҳраку маҳаллаҳои канории шаҳр чораҳои зарурӣ андешанд. Ба иттилои ҷаноби Саймуддинов, барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ 39 000 сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Моҳи август дар Душанбе баргузор намудани мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми 90-солагии пойтахт» байни кормандони дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, инчунин, моҳи октябр ташкили мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ» байни кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, вазорату идораҳо ва корхонаҳои хоҳишманд ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҷуз ин, моҳи ноябр мусобиқаи футбол барои дарёфти мукофоти Клуби «Тӯби чармин-2014» байни дастаҳои футболи наврасону ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо, хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG