Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наливайченко: АН-26-ро низомиёни рус нобуд кардаанд


Раиси Хадамоти амнияти Украина Валентин Наливайченко рӯзи сешанбе изҳор намуд, ки ҳукумат далелҳои мӯътамади аз сӯи нерӯҳои Русия дар шарқи кишвар нобуд сохтани ҳавопаймоии украинии Ан-26-ро дар ихтиёр дорад.

Намояндаи Украина дар Иттиҳодияи Аврупо Константин Евсеев ба хабаргузории УНИАН гуфт, ки ин аснод ахиран ба Иттиҳодияи Аврупо ва Парлумони Аврупо супурда шуданд. Ба гуфтаи сухангӯи ситоди амалиёти зиддитеррористӣ Владислав Селезнев чаҳор сарнишини ҳавопаймои Ан-26 наҷот ёфтанд, ду нафари дигарро ҷудоихоҳон дар асорат нигаҳ медоранд, сарнавишти ду нафари дигар то ҳол номаълум аст.

Рӯзи сешанбе як бинои бисёрманзила дар шаҳри Снежний, воқеъ дар вилояти Донетск аз мушак фурӯ рехт. Дар ин ҳодиса даҳ нафар ба ҳалокат расида, 15 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. 12 манзили бино комилан хароб шуданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, соинони Луҳанск ба таври оммавӣ шаҳрҳоро тарк мекунанд. Фақат шабонарӯзи гузашта дар ин ҷо бар асари мушакборон 19 манзили зист осеб дида, 5 ҳазор нафар бебарқ мондаанд.

XS
SM
MD
LG