Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жан-Клод Юнкер раиси Комиссиюни Аврупо интихоб шуд


Парлумони Аврупо рӯзи сешанбе номзадии нахуствазири пешини Люксембург Жан-Клод Юнкер дар мақоми раиси ояндаи Комиссиюни Аврупоро пазируфт. Аз номзадии ӯ вакилон аз ду ҷиноҳи бузург – Ҳизби мардумии марказгарои Аврупо ва сотсиал-демократҳо пуштибонӣ карданд.

Аз ин пеш нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон ба мақоми раиси Комиссиюни Аврупо номзаллии лорд Ҷонатан Ҳиллро пешбарӣ кард. Аммо номзадии Жан-Клод Юнкер охири моҳи июн аз сӯи сарони 26 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шуда буд. Алайҳи номзадии ӯ фақат Бритониё ва Маҷористон овоз доданд.

Жан-Клод Юнкер дар мақоми раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозуро иваз мекунад, ки ваколаташ тирамоҳ поён меёбад.

XS
SM
MD
LG