Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар як бозори Пактико 89 нафар ҷон бохтанд


Теъдоди қурбониёни таркиш дар як бозори минтақаи Ургуни вилояти Пактико, воқеъ дар шарқи Афғонистон, ба 89 нафар расид. Нисор Аҳмад Абдулраҳимзай, муовини раиси полиси вилоят гуфт, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 15 июл рӯй дод, 42 нафари дигар маҷрӯҳ шуда ба бемористон интиқол ёфтанд. Қаблан гуфта мешуд, ки дар ин ҳодиса 41 нафар ҷон бохтаанд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Аз ин пеш рӯзи сешанбе таркиши минаи сарироҳӣ дар шарқи Кобул мунҷар ба ҳалокати ду корманди Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон шудааст. Таркиш дар ҳоле рӯй дод, ки ҳафт корманди дафтари матбуоти кохи раёсатҷумҳурӣ дар як микроавтобус ба кор мерафтанд. Ба иттилои полиси шаҳри Кобул, панҷ нафари дигар, аз ҷумла, ронанда, ҷароҳат бардоштанд. Сухангӯи ҷунбиши “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки таркиши микроавтобус – кори дасти мусаллаҳони онҳост.

Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, дар ҳоле, ки нерӯҳои байнулмилалӣ барои тарки кишвар дар поёни осли равон омодагӣ мегиранд, ҷунбиши “Толибон” ҳамлаҳояшро густариш додааст.

XS
SM
MD
LG