Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "98% рустоҳои Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ доранд"


Як пажӯҳиши муштараки созмонҳои байналмилалӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мушаххас кардааст, ки 98 дар сади рустоҳои таҳти пажӯҳиш қароргирифта, муҳоҷирони меҳнатӣ доранд. Ҳатто рустоҳое ҳастанд, ки дар ҳар як хонавода ё дар ҳар хонаводаи дуюм муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд. Ин пажӯҳиш зери номи "Таъсири муҳоҷирати корӣ ва оқибатҳои он ба занҳои деҳот" аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ, Барномаи занони СММ, Барномаи минтақавӣ дар умури муҳоҷират ва созмони иҷтимоии "Панорама" дар 12 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои минтақаи Рашт аз 26 май то 17 июн анҷом шудааст. Қаблан пажӯҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои мусбати муҳоҷирати меҳнатӣ анҷом мешуданд, аммо ин пажӯҳиш тарафҳои манфии муҳоҷирати меҳнатиро низ ошкор кардааст.

Ба ин тартиб пажӯҳиш маълум кардааст, ҳарчанд муҳоҷирати меҳнатӣ ҳанӯз ҳам воситаи асосии беҳтар кардани вазъи модии хонаводаҳо ба шумор меравад, аммо оқибатҳои манфӣ ҳам дорад. Аз ҷумла дар хонавода ба мӯҳлати дурудароз набудани мардҳои қобили меҳнат ва қувваи мардина, вайроншавии оилаҳо, зиёдшавии "занҳои тарккардашуда" (манзур заноне, ки шавҳари муҳоҷирашон бо онҳо робита надоран ва аз ҷиҳати моддӣ ёрӣ намерасонанд), ки бе кӮмаки моддӣ мондаанд, ҷудо аз падар тарбия ёфтани фарзандон, афзоиши шуғли кӯдакони берун аз хона, афзоиши бемориҳо дар байни муҳоҷирон, аз ҷумла ВИЧ СПИД, стресс, бад шудани ҳолати маънавию рӯҳии занонону кӯдакон, бад шудани вазъи моддӣ дар сурати сафари бебарори муҳоҷири меҳнатӣ ва пайдо шудани проблемаҳои нав дар хонавода (хусусан дар сурати қарз гирфтан барои роҳпулӣ) аз ҷумлаи паёмадҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ба шумор мерафтаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи маълумоти пажӯҳиш, фақат 10 дарсади занони русто маълумоти касбӣ ва ихтисос доранд, ки ин амр онҳоро осебпазир кардааст.

XS
SM
MD
LG