Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филипп Ҳаммонд вазири умури хориҷии Бритониё таъин шуд


Филипп Ҳаммонд
Филипп Ҳаммонд

Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё, рӯзи сешанбе, 15 июл, Филипп Ҳаммондро вазири умури хориҷии кишвар таъин кард. Филипп Ҳамонд, вазири мудофиаи Бритониё, чун сиёсатмадоре маъруф аст, ки ба Иттиҳодияи Аврупо бо назари шубҳа мегирад. Ӯ дар мақоми раҳбари сиёсати беруна Вилям Ҳейгро иваз мекунад, ки ахиран дар бораи истеъфояш аз мақоми вазири умури хориҷии Бритониё хабар дод.

Вилям Ҳейг, ки бори аввал соли 1989 вакили парлумон интихоб шуда буд, то интихоботи нави парлумонӣ дар моҳи маи соли 2015 чун раҳбари яке аз палатаҳо дар ҳукумат боқӣ хоҳад монд. Ӯ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки баъд аз истеъфо дар мақоми фиристодаи вижа дар масоили қатъи хушунати ҷинсӣ фаъолият хоҳад кард. Ҳейг қаблан ҳамроҳ бо ситораи Ҳолливуд Анҷелина Ҷолӣ ба ин кор машғул буд.

Нахуствазир Дэвид Кэмерон тасмим гирифтааст, ки дар арафаи интихоботи умумӣ дар кишвар ба ҳайати ҳукумат тайғирот ворид кунад.

XS
SM
MD
LG