Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати даҳ нафар дар садама дар метрои Маскав


Бар асари аз релсҳо берун шудани се қатор дар метрои Маскав дасти кам даҳ нафар ба ҳалокат расида, беш аз сад каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, қаторҳо 200 метр то истгоҳи “Славянский булвар” дар хатти Арбату Покров аз релсҳо берун шуданд. Наҷотбахшон ва сӯхторнишонҳо ба интиқоли мусофирон аз дохили метро машғуланд. Вазъи ду марде, ки сутунмӯҳраашон шикастааст, вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳарду онҳо тавассути чархбол ба бемористон интиқол ёфтанд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки дар ҳамин хатти метро ҳаракати қаторҳо бар асари пайдо шудани дуд мутаваққиф шудааст. Раёсати ҳолатҳои изтирории Маскав баъд аз тафтиши роҳи миёни истгоҳҳои "Парк Победы" ва "Славянский булвар" аз сӯи оташнишонҳо ин хабарро рад кард.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, хабар дод, ки сафир Имомуддин Сатторов аз кормандони сафорат тақозо кардааст то вазъро таҳти назорат қарор дошта бошанд ва ба ӯ иттилоъ диҳанд. Масъулини консулгарии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Дар мавриди бар асари ин ҳодиса осеб дидан ё надидани шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол иттилое зери даст нест.

XS
SM
MD
LG