Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷудоихоҳон мавқеъҳои нерӯҳои украиниро тирборон карданд


Ҷудоихоҳон дар шарқи Украина тирборони мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматиро идома медиҳанд. Раҳбари гурӯҳи “Муқовимати иттилоотӣ” Дмитрий Тимчук рӯзи сешанбе, 15 июл, хабар дод, ки теъдоди афсарону сарбозони ҷонбохта ва маҷрӯҳшудаи украинӣ то ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, постгоҳҳои ҳукуматӣ дар канори мавзеъҳои Амвросиеваи вилояти Донетск, Степановка, Александровска, Стукалова Балка ва Привалиеи вилояти Луҳанск мавриди ҳамла аз таҷҳизоти “Град” ва силоҳи зиддитанкӣ қарор гирифтанд. Нерӯҳои ҳукуматӣ оташи ҷавобӣ кушоданд.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо теъдоди нозиронаш дар минтақаи низоъро афзоиш медиҳад ва шояд тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин авзоъ дар марзи миёни Русияву Украинаро таҳқиқ кунад. Дар ин бора рӯзи сешанбе вазорати умури хориҷии Олмон хабар дод. Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Русия изҳор намуд, ки Маскав аз рӯи нияти нек ва оташбаси дуҷонибаро интизор нашуда, нозирони САҲА-ро ба постгоҳҳои марзии “Донецк” ва “Гуково” даъват мекунад.

XS
SM
MD
LG