Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Либия ҷойгирсозии нерӯҳои байнулмилалиро талаб дорад


Ҳукумати Либия мехоҳад аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостори дар қаламрави кишвар ҷойгир кардани нерӯҳои байнулмилалӣ шавад. Намояндаи ҳукумати Либия Аҳмад Ламин рӯзи сешанбе, 15 июл, изҳор намуд, ки ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ ба таъмини субот дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар фурудгоҳи байнулмилалии Троблус даригириҳо миёни ду гурӯҳои мусаллаҳ идома доранд. Рӯзи душанбе фурудгоҳ мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи Аҳмад Ламин, дар ҷараёни задухӯрдҳо тақрибан 90 дар сади ҳавопаймоҳо осеб диданд. Рӯзи душанбе СММ эълом дошт, ки бино ба шиддат гирифтани авзоъ дар кишвар кормандонашро аз Либия ба дигар минтақа мекӯчонад.

Ба навиштаи France-Presse, даргириҳо барои таҳти назорати гири фтани фурудгоҳ миёни як гурӯҳи ниманизомӣ аз шаҳри Зинтон ва гурӯҳҳои исломӣ рӯзи якшанбе шурӯъ шуданд. Бар пояи хабарҳо, гурӯҳи мусаллаҳ аз Зинтон баъд аз суқути режими Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 фурудгоҳи байнулмилалии Троблус ва дигар мавзеъҳои атрофи он дар 30-километрии пойтахтро таҳти назорат қарор дод.

XS
SM
MD
LG