Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии кӯмакҳои фаннии СБП ба ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон


Сандуқи Байналмилалии Пул барои иҷрои муассири ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон кӯмаки фаннӣ мекунад. Ин матлабро Ҷонатан Данн, раҳбари ҳайати СБП рӯзи сешанбеи 15 июл дар дидору гуфтугӯ бор Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баён кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот, масоили ҳамкории дуҷониба дар самти дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ шуд. Ин манбаъ таъкид кард, ки Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди Хазинаи байналмилалии асъор пайваста истифода мебарад. Ҳамчунин ба таъкиди ин манбаъ, таваҷҷӯҳи зиёд ба коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолатҳои бӯҳронӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва кишварҳое, ки шарикони асосии иқтисодию тиҷоратии кишвари мо ба шумор мераванд, зоҳир гардидааст.

XS
SM
MD
LG