Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

М.Бодаков: "Каратэ дар Тоҷикистон тарафдори зиёд дорад"


Муҳаммад Бодаков.

Муҳаммад Бодаков.

Каратэ-до - намуди варзиши ҷопонӣ - дар Тоҷикистон бахусус миёни наврасону ҷавонон маъруфият пайдо карда,

Маънои каратэ, ки ҳунари размии ҷопонист, муҳориба бо дастони холист. Ин навъи варзиш дар Тоҷикистон пас аз таъсиси Федератсиони миллии каратэ-до соли 1992 ривоҷ ёфт. Аз ҳамон сол Федератсиони каратэ-дои Тоҷикистон узви Федератсиони ҷаҳонии каратэ (WKF) ва узви Федератсиони каратэи Осиё (AKF) мебошад. Дар айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 3000 нафар наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш мунтазам машғул ҳастанд.

Муҳаммад Бодаков 8-уми октябри соли 1970 дар ноҳияи Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (соли 1994) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2008)-ро хатм кардааст. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Мураббии дараҷаи олӣ. Қаҳрамони ҷаҳон дар ҳисоби дастаӣ ва барандаи медали биринҷӣ дар рақобатҳои инфиродӣ дар Маскав (2003), қаҳрамони ҷаҳон дар навъи шотокан байни устодон дар Туркия (2010), барандаи нишони нуқраи Бозиҳои Осиёи Ғарбӣ дар Эрон (1998), қаҳрамони бисёркаратаи Осиё ва Тоҷикистон. Аз соли 2010 раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Чунончи, 7 нафар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар равияи “шотокан” ва 4 нафар дар равияи “шиторю” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.

Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо Муҳаммад Бодаков, раиси Федератсиони каратэ-дои Тоҷикистон.

  • Нахуст дар бораи вазъи имрӯзаи каратэ-до дар кишвар каме иттилоъ бидиҳед.
  • ​Вазъи каратэ-до дар Тоҷикистон дар сатҳи хуб қарор дорад. Теъдоди наврасону ҷавононе, ки ба ин намуди варзиш таваҷҷуҳ мекунанд, сол то сол афзун мешавад. Ин намуд ба ҷуз шаҳри Душанбе, дар манотиқи мухталифи кишвар – вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва водии Рашт - ба роҳ монда шудааст. Мо дар ин ҷойҳо намояндагии худро дорем ва бар асоси нақша варзишгарони ин минтақаҳо дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат мекунанд.
  • Лутфан мегуфтед, ки варзишгарони тоҷик дар ин риштаи варзиш дар арсаи байналмилалӣ ба чӣ гуна дастовардҳо мушарраф шудаанд?
  • Дар ришати каратэ-до аввалин медалро дар мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ – Бозиҳои осиёӣ дар Ҷопон - 20 сол муқаддам Исроил Исмоилов ба даст оварда буд. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 75 килограмм бо зӯртарин каратэчиёни қора бо нишони биринҷӣ сарфароз гашта, дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи наве боз кардааст. Вай, инчунин, ин натиҷаи худро баъдан дар Бозиҳои осиёӣ дар Қатар такрор намуда, боз бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Варзишгарони мо, инчунин, дар чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва мусобиқоти байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд.

  • Имсол Бозиҳои XVII осиёӣ аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд. Дар бораи омодагии каратэчиёни тоҷик ба ин бозиҳо каме маълумот бидиҳед.
  • Мо омодагиро ба ин Бозиҳои осиёӣ ҳанӯз моҳи май дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд шурӯъ карда будем. Дар ин ҷо, инчунин, мусобиқаи каратэчиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Он варзишгароне, ки дар ин мусобиқа натиҷаҳои баланд ба даст оварданд, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дохил шуданд. Ҳоло мо ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки пеш аз Бозиҳои XVII осиёӣ дар Малайзия баргузор мешавад, омодагӣ мебинем. Ин мусобиқа то чӣ андоза омода будани моро ба Бозиҳои осиёӣ нишон хоҳад дод. Мекӯшем, ки ҳам дар чемпионати Осиё ва ҳам дар Бозиҳои осиёӣ медал ба даст биёрем.
  • Дарвоқеъ, барои омодагии каратэчиёни тоҷик ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ чӣ гуна шароит фароҳам аст?
  • Мо дар шаҳри Турсунзода як маркази замонавии варзишӣ бо номи “Қасри Самандар – XXI” дорем, ки дар он ҷо тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам аст. Варзишгарони мо дар ин ҷо ҳам тамрин мекунанд, ҳам ғизо мехӯранд ва ҳам хоб мекунанд. Ягона мушкилоте, ки дорем, ин камбуди маблағ аст. Бинобар ин мо дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ иштирок карда наметавонем.​
XS
SM
MD
LG