Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймои Украинаро эҳтимолан Русия задааст


Ан-26

Ан-26

Валерий Ҳелетей-вазири дифои Украина мегӯяд, ҳавопаймои низомии AN-26-и Украина бо мушаке зада шудааст, ки ба эҳтимоли зиёд аз қаламрави Русия партоб шудааст. 14 июл Ҳелетей гуфт, ин ҳавопаймо дар баландии 6500 метр аз сатҳи замин парвоз мекард ва чунин баландӣ барои ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва силоҳе, ки онҳо дар ихтиёр доранд, хеле баланд аст.

Мақомоти Украина мегӯянд, ки баъзе аз халабонон, ки гӯё 20 нафар будаанд, бо мақомоти низомии Украина тамос гирифтаанд. Дар бораи талафот хабар дода намешавад.

Ҷудоихоҳон иддао мекунанд, ки масъулияти ин ҳамларо бар дӯш мегиранд. Аз сӯи дигар, Русия гуфтааст, ки ба САҲА (Созмони амнияту Ҳамкории Аврупо) иҷоза медиҳад, ки ду посгоҳи марзии миёни Русиява Украинаро ба назорати худ бигиранд.

XS
SM
MD
LG