Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳманёр


Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби №3 ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакент гирифтааст. Хатмкардаи риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллӣ аст. Хабарнигори рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” буд. Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба кор даромад. Сипас то соли 1992 мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба зодгоҳаш - Панҷакент рафт. Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - “Садои Шарқ” - таъин гардид.

Муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд” (1984), “Аспи обӣ” (соли 1988), “Дуди ҳасрат” (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), “Шоҳаншоҳ” (соли 2007), «Сармаддеҳ» (китоби дуюм, соли 2014), «Жили-были в Сармаддехе» (Алма-Ато, 2014).

Ҳоло машғули кор рӯи романи тозае бо номи рамзии “Ғӯтях” аст.

Барандаи ҷоизаи ба номи устод Айнӣ аст.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд: ду писару ду духтар.

XS
SM
MD
LG