Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев Маскавро дар сафороии нируҳояш дар марз муттаҳам кард


Киев Русияро муттаҳам кардааст, ки дар марз бо Украина нируҳояшро ҷамъ кардааст ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия бо пуштибонии Русия ба сӯи марзбонони Украина тирандозӣ мекунанд ва талош доранд, ки техникаи зиреҳдори худро ба хоки Украина бигзаронанд.

Андрей Лисенко-сухангӯи Шӯрои амнияти милии Украина 14 июл ба рӯзноманигорон гуфт, ки даргириҳо дар соатҳои аввали субҳ дар наздикии маҳалли аҳолинишини Диакове рух додааст.

Ба гуфтаи Лисенко, чунин рафтори Русия нишон медиҳад, ки ин кишвар хати маши ташдиди муноқиша дар Донбассро пеш гирифтааст.

Аз сӯи дигар Украиана мегӯяд, ки нируҳои ҳукуматии ин кишвар бо ҳимояти ҳавопаймоҳои ҷангӣ муҳосираи ҷудоихоҳон дар фурудгоҳи Луҳанскро дар шарқи Украина шикастаанд ва ин ҳамлаҳо ба ҷудоихоҳон талафоти сангин бар ҷой гузоштааст.

XS
SM
MD
LG