Пайвандҳои дастрасӣ

Маргвелашвилӣ аз Порис боздид мекунад


Гиоргий Маргвелашвилӣ

Гиоргий Маргвелашвилӣ

Гиоргӣ Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон бино ба даъвати Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса дар Порис қарор дорад.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Гурҷистон мегӯяд, ки Маргвелашвилӣ дар Порис дар маросимҳои марбут ба ёди қурбониёни ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ширкат хоҳад ҷуст.

Вай дар паради Рӯзи Бастилия як ҷо бо намояндагони зиёди кишварҳои хориҷӣ ҳузур хоҳад ёфт. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид Маргвелашвилӣ бо гурҷитаборони сокини Фаронса низ дидор ва гуфтугӯ кунад.

XS
SM
MD
LG