Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъият дар марз ба ҳолати оддӣ баргаштааст


Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба матбуот хабар додааст, ки вазъ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияҳои Исфара ва Бодканд ба ҳолати маъмулӣ баргаштааст, вале онро нируҳои тақвиятшудаи марзбонон нигаҳбонӣ мекунанд.

Бино ба хабари ин манбаъ, рӯзи якшанбе дар шаҳри Исфара мулоқоти намояндагони ниҳодҳои интизомии вилоятҳои Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон баргузор шудааст. Дар мулоқот масъалаи таъмини амнияти марз ва субот дар минтақа баррасӣ шудааст.

Ҳайатҳо ҳамчунин ба тавофуқ расидаанд, ки бояд дар оянда роҳ надод, то ҷонибҳо аз силоҳ истифода кунанд. Ин манбаи хабарӣ гуфтааст, ки посгоҳҳои марзии Қирғизистон тибқи маъмул ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

10 июл дар ҷамоати Ворух аз тири марзбонони қирғиз як шаҳрванди Тоҷикистон кушта, 7 шаҳрванди дигари ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG