Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон баргаҳои рай бозшуморӣ мешавад


Юсуф Нуристонӣ

Юсуф Нуристонӣ

Юсуф Нуристонӣ-раиси Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфтааст, шумориши орои мавриди баҳси интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар се ҳафта вақтро дар бар хоҳад гирифт.

Вай ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки ин кумиссиюн ба нақша гирифтааст, ки 100 гурӯҳи расидагӣ ташкил шавад ва ин гурӯҳҳо ҳар рӯз 1000 қуттии райро тафтиш хоҳанд кард.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки ду номзади раёсати ҷумҳурӣ розӣ шудаанд, ки ба 8 миллион баргаи рай расидагӣ ва шумориши дубора сурат бигирад. Чунин тавофуқот дар натиҷаи музокироти дурӯзаи Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар Кобул ба даст омадааст.

Нуристонӣ гуфтааст, ки ҳар ду номзад бояд натиҷаҳои ин расидагӣ ва шуморишро қабул кунанд.

XS
SM
MD
LG