Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷаи Амрикову Эрон бо ҳам мулоқот мекунанд


Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф
Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Интизор меравад, ки 14 июл Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико бо Муҳаммад Ҷаввод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар Вена мулоқот кунанд. Ин музокирот бидуни танаффус идома дошт. Як мақоми баландпояи вазорати хориҷаи Амрико дар Вена ба радиои Озодӣ гуфт, Ҷон Керрӣ омода аст, ки “бо истифода аз фурсат” тамоюли Эрон ба ҳали масъаларо дар назар бигирад, агар дар ин бӯҳрон пешрафте ба даст ояд.

Вазирони хориҷаи Британияву Фароса ва Олмон баъд аз талошҳое барои водор кардани Эрон ба гузаштҳои калидӣ 13 июл Венаро тарк карданд. Виллиам Ҳейг-вазири хориҷаи Британия гуфт, ки “чархиши ҷиддӣ” ба даст омад, вале то ҳол дар ғанисозии уран “халои бузург” боқӣ мондааст.

Шаш қудрати ҷаҳонӣ, аз ҷумла Русияву Чин мехоҳанд, ки Эрон барномаҳои ғанисозии худро маҳдуд кунад, дар ҳоле, ки Эрон мехоҳад онро тавсеа диҳад.

XS
SM
MD
LG