Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрдҳо барои фурудгоҳи Троблус идома доранд


Дар наздикиҳои фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Троблус, пойтахти Либия, рӯзи якшанбе даргириҳои шадид ба вуқӯъ пайвастанд. Ба гуфтаи масъулини фурудгоҳ, тақрибан соати 6-и субҳ фурудгоҳ мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Парвозҳо аз фурудгоҳ қатъ шудаанд.

Ба иттилои мақомоти расмии Либия, даргириҳо миёни як гурӯҳи шибҳанизомӣ аз шаҳри Зинтон ва гурӯҳҳои исломӣ сурат гирифтанд. Гурӯҳи исломӣ мехоҳад, ки фурудгоҳро аз зери итоати гурӯҳи мусаллаҳ берун кунад ва дар ихтиёри худ қарор диҳад.

Дар бораи талафоти ҷонибҳо дар ин задухӯрдҳо иттилое зери даст нест.

Бар пояи хабарҳо, гурӯҳи мусаллаҳ аз Зинтон баъд аз суқути режими Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 фурудгоҳи байнулмилалии Троблус ва дигар мавзеъҳои атрофи он дар 30-километрии пойтахтро таҳти назорат қарор дод.

XS
SM
MD
LG