Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо ва Канада алайҳи ҷудоихоҳон


Иттиҳодияи Аврупо алайҳи 11 намояндани ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск таҳримҳо ҷорӣ кард. Ба ин феҳрист, аз ҷумла, нахуствазири ҷумҳурии мардумии Донетск Александр Бородай ва раиси хадамоти амнияти ин ҷумҳурӣ Александр Ходаковский шомиланд. Дар ин бора рӯзи 12 июл сомонаи расмии Иттиҳодияи Аврупо хабар дод.

Акнун феҳристи таҳримҳо, ки Брюссел баъд аз илҳоқи Қрим ва Севастопол ба ҳайати Русия таҳия кардааст, аз ному насаби 72 мансабдори Русия ва Украина иборат аст. Вуруди ин афрод ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ ва ҳисобҳои бонкияшон дар ин қаламрав мунҷамид мешаванд.

Охири моҳи июн нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки агар Русия сиёсаташро дар баробари Украина тағйир надиҳад, ба таҳримҳои шадидтар мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Рӯзи шанбе ҳукумати Канада ҳам эълом дошт, ки ба рӯйхати афроди таҳти таҳрим 14 тан аз намояндагони ҷудоихоҳони шарқи Украинаро ворид кардааст, ки миёни онҳо шаҳрвандони Русия ҳам ҳастанд.

XS
SM
MD
LG