Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Голи зебои Гётсе Олмонро қаҳрамони ҷаҳон кард


Марио Гётсе

Марио Гётсе

Имшаб дар муҳимтарин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразилия қаҳрамони ҷаҳон барои 4 соли оянда маълум шуд. Олмон Аргентинаро шикаст дод.

Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 шоми 13 июл дар варзишгоҳи пуршӯҳрати "Маракана" дар Рио -де -Жанейро байни Олмону Аргентина ба фоидаи тими Олмон анҷом ёфт. Дар ду қисми асосӣ ва қисми якуми иловагии бозӣ ҳисоб кушода нашуд. Қисми дуюми иловагӣ низ бозиро ба сӯи силсилаи тӯбҳои 11-метрӣ мебурд, ки дар дақиқаи 113 Марио Гётсе бо як зарбаи хотирмон тӯбро вориди дарвозаи Аргентина кард. Лионел Месси, ки ин дафъа ҳам бозии чандон барҷастае надошт, дигар коре аз дасташ наомад ва унвони қаҳрамонии футболи ҷаҳонро Олмон ба даст овард.

Олмон нахустин тими аврупоист, ки дар қораи Амрико барандаи унвони қаҳрамони дунё мешавад. То кунун дар ҳама чемпионатҳои ҷаҳоние, ки дар Амрико мегузашт, тимҳои ин қора ва дар ҳама чемпионатҳое ки дар Аврупо доир шудаааст, аврупоиҳо баранда шудаанд. Берун аз ин ду қора ҳисоби онҳо мусовист, чунки соли 2002 дар Кореяву Ҷопон тими Бразил ва дар соли 2010 дар Африқои ҷанубӣ Испания ғолиб омаданд.

Аммо бо расидани хабари "нохуш" аз Бразил барои мухлисони тими Месси садҳо нафар шабонгаҳ ба кӯчаҳои шаҳри Буэнос-Айрес - пойтахти Аргентина рехта даст ба тахрибкорӣ заданд. Ба гунае ки мухлисон футбол интизор доштанд, Месси аз мусобиқаи ҷаҳонӣ дар даст Ҷоми ҷаҳон бармегардад. Аммо акси ҳол мухлисони футболро ба шӯр овард. Полиси шаҳр барои пароканда кардани мардум аз гази ашковар истифода бурд. ВАО-и маҳаллӣ аз захмӣ шудани 15 полис дар ин таҷамуъи мардум дар пойтахти Аргентина хабар додааст.

Дастаҳои Аргентина ва Олмон барои бори саввум дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон бо ҳам рақобат мекунанд. Дастаи Аргентина дар соли 1986, ки ситораи футболи ҷаҳонӣ Диего Марадонаро бо худ дошт, бо ҳисоби 3:2 бар Олмон ғолиб омада буд. Дар бозии финалии чаҳор соли баъд, ки дар Италияи доир шуд, олмониҳо интиқоми бохти худро гирифтанд ва ҷомро бо худ бурданд. Тими Олмон ҳамин тавр, дар ду Ҷоми ҷаҳонии охир - солҳои 2006 ва 2010 - Аргентинаро алакай дар даври чорякниҳоӣ ноком кардааст. Аз ҷумла дар соли 2010 тими Аргентина, ки мураббиаш Марадона ва ситорааш ҳамин Лионел Месси буд, аз Олмон бо ҳисоби бузурги 0-4 шикаст хӯрда буд.

Барои Месси, ки дар асл тими Аргентинаро то даври ниҳоӣ амалан ба танҳоӣ кашонда овард (ба истиснои як ё ду бозие ки Ди Мария низ бозии хуб нишон дод), ҳоло се вазифа истодааст:

1. Гирифтани интиқоми соли 2010

2. Рад кардани иддаои шореҳоне ки мегӯянд, бозии Месси дар як соли охир, аз ҷумла дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 нисбат ба солҳои гузашта як андоза камрангтар шудааст.

3. Ва вазифаи аз ҳама асосӣ - такрори комёбии Марадона, ки соли 1986 дар Мексика низ ҳамин тавр ба танҳоӣ тавонист тими ба сурати умум заифи Аргентинаро қаҳрамони ҷаҳон кунад.

Шюрле дар рӯзи голборони Бразил

Шюрле дар рӯзи голборони Бразил

Барои ин Месси бояд Олмонро бишканад, Олмоне ки бо вуҷуди доштани як села ситораҳои ба сари худ дурахшон, як мошини муназзами бозии футболро дар ихтиёр дорад. Мошине ки ҳар ҷузъаш бо амри сармураббӣ давр мехӯрад, пешу қафо ҳаракат мекунад ва то кунун тавонистааст ҳар тимеро ки пеши роҳаш мебарояд, аз байн бардорад. Аммо ин ки мошини иборат аз сарнишинҳое, чун Томас Мюллер, Масъуд Озил, Самӣ Хидира, Бастиан Швайшайтер, Мануэл Нойер, Филипп Лам, Жером БоатенгҶ Андре Шюрле... оё то куҷо метавонанд мошинеро, ки нохудову танҳо умеду такяаш Месси, Месси ва боз ҳам Месси аст, чун рақибони дигарашон шикаст диҳанд.

Ончӣ ба фоидаи Олмон кор мекунад, шаҳри пирӯзӣ бо натиҷаи дар таърих диданошудаи 7-1 бар тими мизбон - Бразили шӯҳратёр аст. Ончӣ ба зиёни Аргентина кор мекунад, яке нисбат ба олмониҳо як рӯз камтар дам гирифтани онҳо баъд аз даври ниманиҳоист, вале аз он ҳам бештар - бозии камранги Месси, ки дар ду даври охир бештар эҳсос мешуд.

Аммо мухлисони Месси мегӯянд, начандон барҷаста бозӣ кардани Месси ва ҳамдастаҳояш ба шеваи бозие бастагӣ дорад, ки сармураббии Аргентина Алехандро Сабеля интихоб кардааст. Сабелия бештар тарафдори футболи дифоӣ аст, ки дар Бразилия хеле дастаҳо, аз ҷумла Итолиёву Юнон ва Эронро ноком кард, вале дар намунаи Аргентина кор дод ва бо иловаи маҳорати Месси, албатта, ин тимро то марҳалаи ниҳоӣ оварда расонд. Аммо ҳатто мухлисони Месси ҳам умедворанд, ки дар ин бозии ниҳоӣ ӯ ғояти маҳорати худро намоиш хоҳад дод.

Аргентина баъди пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ

Аргентина баъди пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ

То кунун дар таърихи Ҷоми ҷаҳон ҳеҷ ду тиме барои се бор дар бозии ниҳоӣ дар баробари ҳам қарор нагирифтаанд. Агар Аргентина барандаи Ҷоми ҷаҳон шавад, бори савум қаҳрамониро дар бузургтарин рақобати футбол да даст хоҳад овард. Ин даста солҳои 1978 ва 1986 тавонист Ҷоми ҷаҳонро касб кунад. Олмон то ҳол се бор дар солҳои 1954,1974 ва 1990 қаҳрамони Ҷомҳои ҷаҳонӣ шудааст.

Бо баргузории бозии Олмону Аргентина мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразил поён меёбанд ва Ҷоми ҷаҳонии оянда соли 2018 дар Русия баргузор хоҳад шуд.

Бозии футбол дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хосе бархӯрдор аст ва ҳаводорони ин навъи варзиш бозиҳои Ҷоми ҷаҳон дар Бразилро бо шавқ пайгирӣ менамоянд. Дар як назарпурсӣ, ки сомонаи Радиои Озодӣ зери унвони "Кӣ қаҳрамони футболи дунё хоҳад шуд -- Олмон ё Аргентина?" анҷом дод, то баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе 23,7 дарсади раъйдиҳандагон ёрони Мессиро барандаи ин сабқат донистаанд ва 71,1 дарсад бовар доранд, ки Мюллер ва ёронаш дар ин "набард" Аргентинаро ба хок яксон хоҳанд кард.

Наворбардори Озодӣ ҳам ба хиёбонҳои Душанбе рафт ва назари ҳаводорони футболро дар мавриди ин бозии ҳассос ҷӯё шуд.

НАЗАРИ МУХЛИСОНИ ТОҶИК БА ФИНАЛИ ҶОМИ ҶАҲОН-2014:

Бразил бо сарафкандагӣ Ҷоми ҷаҳонро тарк кард

Дастаи Бразил дар сабқат барои касби ҷои савуми Ҷоми ҷаҳонӣ-2014, аз тими Ҳолланд бо се голи беҷавоб, шикаст хӯрд.

Ҳамин тавр бразилиягиҳо, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл бо ҳисоби бузурги 1:7 аз Олмон шикаст хӯрда буданд, дар рӯзҳои ахири ин сабқат низ боз дучори як шикасти сахту нангин шуданд ва бо сарафкандагӣ аз сабқат берун рафтанд. Бозигарони даста Ҳолланд тавонистанд дар 90 дақиқаи бозӣ се бор дарвозаи Бразилро рахна кунанд.

Сармураббии тими Бразил Сколарӣ баъд аз бозӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, истеъфояшро ба раиси федератсияи футболи Бразил пешниҳод намудааст. Вай гуфтааст, танҳо раиси федератсия аст, ки метавонад он чи рух додро мавриди баррасӣ қарор диҳад ва дар бораи мондан ё рафтани ӯ аз тими Бразил тасмим бигирад.

Луис Филипп Сколари дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2002 Бразилро ба тахти қаҳрамонӣ нишонд. Дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2006 ба ҳамроҳии Португалия мақоми чаҳорумро касб кард ва дар Ҷоми ҷаҳонӣ -2014 низ бо ҳамроҳии Бразил чаҳору шуд. Сармураббии Бразил гуфт, дар се Ҷоми ҷаҳонӣ, ки сармурабӣ буд, ҳадди ақал ба ниманиҳоӣ расид, ки натиҷаи баде нест.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG