Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Ягон террорист беҷазо нахоҳад монд


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, ваъда дод, ки муҷримон дар ҳалокати 19 низомии украинӣ дар шарқи кишвар пайдо ва муҷозот карда хоҳанд шуд. Ба иттилои артиши Украина, ин низомиён рӯзи 11 июл аз оташи таҷҳизоти “Град”-и ҷудоихоҳон дар наздикиҳои шаҳраки Зеленополиеи вилояти Луҳанск ҷон бохтанд. Дар ин ҳамла 93 афсару сарбози дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин бузургтарин талафоти нерӯҳои Украина дар ҳафтаҳои ахир маҳсуб мешавад.

Петро Порошенко дар нишасти изтироӣ бо ширкати раҳбарони ниҳодҳои қудратии Украина гуфт, “барои ҳар низомии мо ҷангҷӯён даҳҳо ва садҳо ҷони худро баҳо пардохт хоҳанд кард. Ягон террорист беҷазо намемонад, ҳар кадомаш аз рӯи аъмолаш муҷозот хоҳад шуд”.

Ҷудоихоҳон субҳи рӯзи шанбе ба мавқеъҳои артиши Украина дар вилояти Луҳанск аз таҷҳизоти “Град” мушак андохтанд. Ба иттилои Хадамоти марзбонии Украина, дар ин ҳодиса як сарбоз кушта шуд ва 17 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ҷавоб низомиёни Украина аз тӯпҳо оташ кушоданд ва ҳавопаймоҳои низомӣ ҳам мавқеъҳои ҷудоихоҳонро тирборон карданд.

Рӯзи шанбе дар марзи миёни Русия ва Украина се гузаргоҳе, ки қаблан бар асари тиранлозӣ аз қаламрави Украина баста шуда буданд, дубора фаъол шуданд.

Қарор аст, ки рӯзи 16 июл дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо авзоъ дар Украина баҳсу баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG