Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ба машваратҳо дар Кобул идома медиҳад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА рӯзи шанбе, 12 июл, дар Кобул машваратҳо бо номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон Абюдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзайро идома медиҳад. Ҳар яке аз ин номзадҳо худро пирӯз дар интихоботи президентӣ мехонад. Қарор аст, ки Ҷон Керрӣ бо Ҳомид Карзай ҳам, ки мақоми раисиҷумҳури Афғонистонро тарк мекунад, дидору гуфтугӯ дошта бошад.

Ҷон Керрӣ рӯзи 11 июл ба хотири мусоидат дар ҳалли баҳс миёни ду сиёсатмадоре, ки довталаби мақоми сарвари Афғонистонанд, вориди Кобул шуд. Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон ба пойдор мондани принсипҳои волояти қонун дар маъракаи интихоботии Афғонистон манфиатдор аст.

Бар пояи натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ дар даври дуввуми интихоботи президентӣ, ки рӯзи 14 июн баргузор шуд, Ашрафғанӣ Аҳмадзай назар ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ раъйҳои бештарро соҳиб шудааст. Доктор Абдуллоҳ натиҷаҳои эълонкардаи Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистонро ноодилона ва табаддулот зидди мардум арзёбӣ кардааст.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, бо ҳар яке аз номзадҳо сӯҳбати телефонӣ дошт ва ҳушдор дод, ки ҳама гуна талоши аз роҳи ғайриқонунӣ дар Афғонистон соҳиби қудрат шудан - қатъи кӯмакҳои молиявии ИМА ба кишварро хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG