Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйиротҳои кадрӣ дар ниҳодҳои давлатӣ


Дар Гвардияи миллии Тоҷикистон, Оҷонсии назорати маводи нашаовар ва соҳаи саноати Тоҷикистон тағйиротҳои кадрӣ сурат гирифтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Талбидагӣ Давлатов, Фозил Раҳимов ва Қиёмиддин Самарзода ба вазифаҳои муовинони фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон таъин карда шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, се нафари дигар командирони се қисми низомии Гвардияи миллӣ таъин гардиданд.

Ҳамчунин Муртазо Ҳайдарзода ба вазифаи Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашаовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад. Дар доираи тағйроти кадрӣ дар соҳаи саноат Заробиддин Файзуллоев Муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардида, роҳбарони се корхонаи калони саноатӣ – КВД “Коргоҳи машинасозӣ”, ҶСК “Трансформатор” ва КВД “Ҷамаст” иваз карда шуданд. Эмомиддин Аслов Муовини вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардидааст.

Як қатор тағйироти кадрӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла Мавсумахон Муинова, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Қиёмиддин Миралиев Муовини раиси ҳамин кумита таъин карда шуданд.

XS
SM
MD
LG