Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии истирдоди Гадоев ба Душанбе дар Додгоҳи Мадрид


Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев

Додгоҳи Мадрид баррасии дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи истирдоди Шарофиддин Гадоев, соҳибкор ва узви "Гурӯҳи 24"-ро ба рӯзи душанбе, 14 июл, мавқуф гузошт.

Шарофиддин Гадоев ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ин мурофиа бо ширкати 3 ҳуқуқшинос аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад. Вай афзуд, ҳукумат аз рӯи 5 моддаи додгоҳи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дархост фиристодааст, аммо додгоҳи Мадрид танҳо ду моддаро ба баррасӣ гирифтааст.

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳанӯз 28 январи соли 2013 қарори дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон кардани соҳибкор Шарофидин Гадоевро бароварда буд. Дар ин қарор соҳибкор аз рӯи моддаи моддаи 289, қисми 1 (контрабанда (қочоқ) ва моддаи 340, қисми 2, банди "в" (сохтакории аснод бо истифодаи техникаи компьютерӣ) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам карда мешавад. Аз рӯи ин санад, Шарофиддин Гадоев моҳи феврали соли 2012 тариқи посгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон 30 мошини «Шаанҳи Делонг» (миёни мардум маъруф ба «Дулан») – и истеҳсоли Чинро қочоқ карда, 10 ҳуҷҷати мошинҳоро тариқи компютер дасткорӣ карда, ба ҳисоби БДА гузоштааст.

Агентӣ мегӯяд, як адад мошини «Шаанҳи Делонг» - ро, ки амалан 49 700 доллар қимат дорад, Шарофиддин Гадоев 8 ҳазор доллар ҳуҷҷат кардааст ва дар ҳаҷми 14 миллиону 029 ҳазору 78 сомонӣ пардохтҳои гумрукиро насупурдааст. Шарофиддин Гадоев мегӯяд, се иттиҳоми дигар, ки алайҳи ӯ аз рӯи моддаҳои 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 247 (қаллобӣ), 250 (тамаъҷӯӣ) эълон шудаанд, аз сӯи додгоҳи Мадрид ба эътибор гирифта нашаванд.

Фирӯз Холмуродов, муовини сарвари Раёсати тафтишоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки қарори эълони дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор додани Шарофиддин Гадоевро содир кардааст, ба Радиои «Озодӣ» аз ироаи тафсилоти бештар худдорӣ кард.

Бино ба маълумоти расмӣ, Шарофиддин Гадоев, 19 майи соли 1985 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шуда, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе мебошад. Ӯро аз хешовандони дур ва пайравони наздики Умаралӣ Қувватов, роҳбари Гурӯҳи 24, ки низ дар ҳоли фирор аз ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа ба сар мебарад, ном мебаранд. Ҳарду замоне соҳибкорони муваффақ буданд.

Умаралӣ Қувватов даъво дорад, ки ширкатҳои маъруфи «Тоҷирон» ва «Фароз» - ро асос гузошта, молики «Голд тур транс» - ширкати нақлиётӣ дар Қирғизистону Афғонистон буд. Шарофиддин Гадоев соҳиби ширкати «Голд Тур Транс» дар Тоҷикистон буд, ки 107 мошин «Дулан» ва аз ин теъдод 27 адад ба ӯву 80 адад ба Умаралӣ Қувватов тааллуқ доштанд.

Соли 2010 ҳарду аз Тоҷикистон фирор карда, дар Маскав «Гурӯҳи 24» - ро эълон карданд. Пас аз боздошти Умаралӣ Қувватов дар моҳи декабри соли 2012 дар Дубай Шарофиддин Гадоев тариқи шаҳри Санкт – Петербурги Русия ба Финландия ва аз он ҷо ба Мюнхени Олмон фирор карда, ниҳоят дар Мадриди Испания иқомат ихтиёр кард.

Додгоҳи Мадрид рӯзи душанбе, 14 июн, қарор аст, баррасии дархости Тоҷикистонро идома диҳад. Дар ҳоли қонеъ шудани ин дархост Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон истирдод мешавад. Рӯзи 11 июн Анҷумани ҳомиёни ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ зимни як нома аз ҳукумати Испания даъват кард, ки ба аҳдномаи байналмилалӣ эҳтиром гузорад ва Шарофиддин Гадоевро ба Тоҷикистон таслим накунад.

Надежда Атаева, роҳбари анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» муаллифи ин нома навиштааст, ки Испания аҳдномаҳои имзо кардааш, мисли «Конвенсияи СММ оид ба шиканҷа»-ро риоят кунад. Бар пояи банди 3-и ин санад, истирдоди афрод ба кишварҳое, ки дар он ҷо онҳоро шиканҷа ва зӯроварӣ интизор аст, манъ шудааст.

Хонум Атаева дар номаи анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи марказӣ» навиштааст, ки дар Тоҷикистон истифодаи шиканҷа роиҷ ва ҳокимияти судӣ тобеи иҷроия аст ва вакилони дифо, ки аз мухолифон ҳимоят меунанд таъқиб мешаванд. Аз ин рӯ, ба иддаои ӯ, истирдоди Гадоев ба зодгоҳаш ба саломатӣ ва ҳатто ҷонаш таҳдид мекунад.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоевро дар ҷиноёти иқтисодӣ айбдор мекунад, онҳо мегӯянд, ки таъқиби онҳо ангезаи сиёсӣ дорад. Шарофиддин Гадоев худро узви «Гурӯҳи 24» медонад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан аз сиёсатҳои президент Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG