Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати муфтии Тоҷикистон аз рӯзадорон


Муфтии Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар хост, ҳар лаҳза вақти худро дар моҳи Рамазон бо тоату ибодат ва корҳои хайр гузаронанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 11-уми июл ин ҳарфҳоро дар ҳоле гуфт, ки ба таъкиди ӯ дар моҳи Рамазон қисме аз мардум вақти худро ба тамошои телевизиону корҳои ғайр зойеъ мекардаанд. Ҷаноби Абдулқодирзода гуфт, дар ин моҳ фурӯши диск ё худ фитаҳо бештар ба назар мерасад ва ин шаҳодати он аст, ки мардум барои гузарондани вақт ҳаргуна филмҳо тамошо мекунанд. Ба таъкиди муфтии Тоҷикистон «аксари филмҳо, ҷанбаи тарбиявӣ надошта, дар онҳо фаҳш ҳам ҳаст.» Дар ҳамин ҳол Абдулқодирзода аз ҳамаи рӯзадорони кишвар даъват кард, то бештар ба тоъату ибодат ва шабзиндадорӣ вақти худро гузаронанд.

XS
SM
MD
LG