Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тармими муносибатҳои Туркияву Узбакистон баъд аз 13 сол


Аҳмет Довутуғлу дар Тошканд
Аҳмет Довутуғлу дар Тошканд

Аҳмет Довутуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия боздиди серӯзаи худ аз Узбакистонро оғоз кард. Ин нахустин боздиди вазири корҳои хориҷаи ин кишвар дар 13 соли охир аз Узбакистон аст.

Дар изҳороте қабл аз парвоз аз Анкара ба Тошканд Довутуғлу гуфт, ки муносиботи миёни Туркияву Уӯбакистон аз соли 2006 ба ин тараф ба сабаби “суитафоҳум” ба ҳолати таълиқ дароварда шуда буд. Вале ин ду кишвар ҳоло талош доранд, ки тамосҳои дипломатиро барқарор кунанд.

10 июл дар рӯзи аввали боздиди худ Довутуғлу ва Абдулазиз Комилов-ҳамтои узбаки вай масъалаҳои равобити дуҷониба, амнияти минтақа ва байналмиллалиро баррасӣ карданд.

Интизор меравад, ки Довутуғлу бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кунад.

XS
SM
MD
LG