Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии неруҳои Украина бо ҷудоихоҳон дар фурудгоҳи Донетск


Ҷудоихоҳон қабл аз фирор ах Сиверск

Ҷудоихоҳон қабл аз фирор ах Сиверск

Неруҳои Украина 10 июл бо ҷудоихоҳоне, ки мехостанд фурудгоҳи Донетскро ба назорати худ дароранд, вориди даргирӣ шуданд. Владислав Селезнёв-сухангӯи низомиён изҳор дошт, ки нируҳои ҳукматӣ шаҳраки Сиверскро дар шарқи Славянск ба даст дароварданд ва ҷудоихоҳон аз ин шаҳрак фирор карданд.

Селезнёв гуфт, ки нируҳои украинӣ, ки фурудгоҳи Донесткро посбонӣ мекунанд, 10 июл аз хумпораандоз мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, вале ин ҳамларо баргардондаанд.

Ҳамзамон раҳбарони Фаронса ва Олмон Франсуа Олланд ва Ангела Меркел 10 июл дар сӯҳбати телефонӣ аз Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия даъват карданд, ки аз фаъолияти ҷудоихоҳон ва интиқоли аслиҳа тавассути марз аз Русия ба Украина пешгирӣ ба амал ояд.

Кохи Сафед мегӯяд, Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина ба Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки Маскав ва шӯришиён пешниҳодҳои пайдарпаи Киевро дар бораи музокира роҷеъ ба оташбас рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG