Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Абдуллоҳ ҳукумати давраи гузор мехоҳад


Абдуллоҳ ва Муҳаммад Муҳаққиқ
Абдуллоҳ ва Муҳаммад Муҳаққиқ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба хотири ҳалли бӯҳрони интихоботӣ даъват кардааст, ки барои як сол ҳукмати давраи гузор ташкил шавад. Дар мусоҳибае бо "Блумберг" Муҳаммад Муҳаққиқ-муовини дуввуми номзад Абдулло гуфт, ки Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон бояд “таҷдид” шавад ва интихоботи дубораи раёсати ҷумҳурӣ баргузор гардад.

Муҳаққиқ гуфт, агар орои тақаллубии Ашраф Ғанӣ аз эътибор соқит дониста нашавад, бӯҳрон ба вуҷуд хоҳад омад. Бино ба натиҷаҳои даври дуввуми интихобот, ки 14 июн баргузор шуд, Ашраф Ғанӣ 56,44 дарсад рай гирифтааст. Вале Абдуллоҳ ин натиҷаҳоро қабул надорад.

9 июл Ҷеймс Доббинс-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон даъват кард, ки барои Афғонистон ҳукумати давраи гузор “зарур” аст. Баъдтар ин гуфтаҳоро вазорати корҳои хориҷаи Амрико тавзеҳ дод ва гуфт, ки раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистон бояд таркиби ҳукумати ояндаро таъйин кунад.

XS
SM
MD
LG