Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Хатлон 5 сокини Суғдро дар пайгарди қонунӣ қарор додааст


Додситони вилояти Хатлон мегӯяд, 5 нафар ҷавонро, ки аз вилояти Суғд сокинони вилояти Хатлонро барои ҷангидан ба Сурия даъват мекардаанд, дар пайгарди қонунӣ қарор додааст. Сайдҷон Салимов, муфатиши парвандаҳои махсусан муҳими додситони вилояти Хатлон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ба хотири халал наёфтани пайгарди ин ҷавонон аз онҳо ном бурда намешавад. Ҷаноби Салимов гуфт, ки ин ҷавонон дар вилояти Хатлон корҳои даъватро ба ҷанги Сурия анҷом медодаанд ва нафарони дигаре будааст, аз Русия барои ҷавононе, ки тасмими сафар ба Сурияро гирифтаанд пул мефиристодаанд. Аз додситони вилояти Хатлон гуфтанд, ки онҳо тасмим доранд, то 15 рӯзи дигар ин ҷавононро пайдо карда ба расонаҳо хабар медиҳанд. Ба хабари мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон алайҳи режими Башор Асад меҷанганд. Тибқи иттилои расмӣ шумораи кушташудагон дар ҷанги Сурия 5 нафар буда ва шаш нафари дигар баъди бозгашт аз Сурия ба Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG