Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Абдуллозода: “Ба соҳаи варзиш 4 миллион сомонӣ ҷудо шуд”


Аҳтам Рустам Абдуллозода,
Аҳтам Рустам Абдуллозода,

Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гуфтанд, ки имсол ба соҳаи варзиш 4 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аммо таҳлилгарони соҳа бо онки барои омода кардани як варзишгар на камтар аз 250 ҳазор евро лозим аст, дар ин росто камбудиҳоро мебинанд.

Имрӯз, 10-уми июл, дар шаҳри Душанбе нишасти хабарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2014 гузориш дод. Вай, аз ҷумла гуфт, «дар ин давра дар кишвар 51 чорабинии варзишӣ, минҷумла, 37 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 14 чемпионати Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар онҳо беш аз 5140 варзишгар (780 нафарашон занон) ширкат варзиданд. Бузургтарин чорабинии варзишӣ - Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Мусобиқот бо ширкати 1112 варзишгар аз рӯи даҳ намуде, ки ба барномаи бозиҳо шомил буданд (баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, гуштии миллӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо ва самбо) баргузор шуд. Дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи Душанбе-1 бо касби 95 медал (51 тилло, 23 нуқра ва 21 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Суғд бо касби 71 медал (15-19-37) ҷойи дувум ва дастаи Душанбе-2 бо касби 67 медал (13-24-30) ҷойи севумро соҳиб шуданд.“

Дар гузориши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин, зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли равон варзишгарони кишвар дар 44 мусобиқоти ҷаҳониву Осиё, Ҷоми ҷаҳон ва мусобиқоти байналмилалӣ иштирок карда, 440 медал (148 - тилло, 120 - нуқра ва 172 - биринҷӣ) ба даст оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 210 адад зиёд аст.

Раиси кумитаи ҷавонони кишвар дар бораи нақшаҳои варзишгарони тоҷик дар соли 2014 гуфт, “имсол варзишгарони тоҷик ба ҷуз мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ, дар бузургтарин чорабиниҳои варзишӣ ширкат хоҳанд кард. Ҳашт варзишгари ҷавони тоҷик оид ба 7 риштаи варзиш аз 16-ум то 28-уми август дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки дар Нанҷинги Чин доир мешаванд, иштирок мекунанд. Баъдан ҳайати бузурги варзишии кишвар бо шумули ҳудуди 150 нафар дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзад.”

Сипас ҷаноби Абдуллозода дар бастагӣ ба маблағгузории соҳаи варзиш гуфт: “Маблағгузорӣ ба соҳаи варзиш аз буҷаи давлат сол то сол афзоиш меёбад. Дар ҳудуди он барномае, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст, ҳаҷми маблағгузории соҳаи варзиш танҳо барои маблағгузории Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишии кумита дар соли 2014 дар ҳудуди 4 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 400 000 сомонӣ зиёд аст. Илова бар ин, маблағҳои муайян барои дастгирии мактабҳои варзишӣ, мураббиён ва дигар самтҳо равона карда мешавад.”

Аммо ба назари коршиносони соҳа дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиву масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Чунончи, варзишгарони тоҷик имрӯз ба дастгирӣ ва кӯмаки молии сарпарастон ниёз доранд. Зеро барои як варзишгари касбиро омода карда, ба мусобиқоти ҷаҳониву олимпӣ равона кардан камтарин барнома 250 ҳазор евро нарх дорад. Вале бо он имконияти молие, ки имрӯз ташкилоту созмонҳои соҳаи варзиши Тоҷикистон доранд, омода кардани варзишгарони ҳирфаии сатҳи ҷаҳонӣ хеле мушкил аст.

XS
SM
MD
LG