Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон морҳои заҳрнокро парвариш мекунанд


Академияи илмҳои Тоҷикистон дар садади таъсиси морхона ва парвариши ду навъи мори заҳрнок аст. Абдусаттор Саидов, раҳбари пажӯҳишгоҳи зоология ва паратситалогияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло онҳо интизори посухи ҳукумат барои парвариши 50 сар мор ҳастанд ва тасмим доранд моҳи сентябр морхона барои парвариши ду намуд мори заҳрнок, Кобра ва Гюрзаро фаъол созанд. Ҳадаф аз парвариши морҳои заҳрнок ҳам гирифтани заҳри он барои истеҳсоли дорӯҳои табобатӣ будааст. Ҷаноби Саидов меафзояд, дар тибби муосир истифодаи заҳри ин ду намуди мори заҳрнок, барои табобати чанд навъи беморӣ аз ҷумла буғумдард васеъ истифода мешавад. «Масалан аз заҳри кобра дорӯҳои зиёд истеҳсол карда мешвад, яке аз дорӯҳои машҳур ин дорӯи наятаксин аст, ки барои бемориҳои буғумдард, радикулит, ревматизм зиёд истифода бурда мешавад.», гуфт Саидов.

Абдусаттор Саидов мегӯяд, дар Тоҷикистон ин таҷрибаи нав нест ва аз солҳои 1980 то соли 1994 дар Пажӯҳишгоҳи зоология ва паратситалогия ин морхона амал мекардааст ва аз заҳри ду намуди морҳои заҳрнок ашёи хом коркард мешудааст. Аммо ӯ бо таасуф мегӯяд, ҳоло дар кишвар коркарди ашёи хом ва ё заҳри кобра ва Гюрза ба роҳ монда нашудааст ва имрӯз ин ашёи хом ба хориҷ фурӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG