Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун ба Шӯрои Амният гузориш медиҳад


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ 10 июл ба Шӯрои Амният дар бораи ташдиди хусумати миёни Исроилу Фаластин гузориш медиҳад, зеро дар муноқишаи ҷонибҳо шумораи кушташудагон афзоиш меёбад.

Ин дар ҳолест, ки Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ҳушдор додааст, ки кишвараш бар зидди Ҳамос иқдомоти ҷиддитар хоҳад андешид. Бан Ки Мун 9 июл ба хабарнигорон гуфт, ки вазъ ташвишовар ва шиканада аст.

Аз сӯи дигар артиши Исроил гуфтааст, ки дар давоми шаби гузашта ба 322 ҳадаф зарба задааст ва аз оғози амалиёти зидди Ҳамос шумораи чунин ҳадафҳо акнун ба 750 расидааст. Тундравҳои фаластинӣ низ ҳамчунон мушакборони қаламравҳои Исроилро идома медиҳанд.

Аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии Исроил 70 нафар кушта шудаанд, ки 11 нафари онҳо занон ва 18 на фар кӯдакон мебошанд.

XS
SM
MD
LG