Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Раҳимов гуфт, маҳфили «Ҷаҳони андеша» ҳоло ҳам фаъол аст


Фарҳод Раҳимов, президенти академияи илмҳои Тоҷикистон хабарҳо дар робита ба баста шудани маҳфили «Ҷаҳони андеша»-ро, ки файласуф Комил Бекзода роҳбарӣ мекард, рад кард. Ӯ дар мулоқоташ бо хабарнигорон дар робита ба маҳфили «Ҷаҳони андеша» гуфт, «Ҷумҳурии мо ҷумҳурии дунявӣ аст ва ташвиқи озодандеширо касе манъ намекунад ва ҳуқуқ надорад. Бигзор бошад, ҳар кас ҳуқуқ дорад фикру назари худро пешниҳод кунед»

Фарҳод Раҳимов гуфт, имрӯз ҳам ин маҳфил идома дорад ва касе пеши роҳи онро нагирифтаасту чунин нақша ҳам нест. "Дар мавриди китоби пурбаҳси «Ҷаҳонбинии оянда» худатон агар хуб хонед мефаҳмед ва баҳогузорӣ мекунед", гуфт Раҳимов.

Нашри китоби гурӯҳи файласуфони тоҷик бо номи "Ҷаҳонбинии оянда", ки дар он вуҷуди Худованд инкор шудааст, сару садоҳоеро дар доираҳои илмӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда буд.

Муаллифони «Ҷаҳонбинии оянда» назари мунтақидони худро қобили таваҷҷӯҳ намедонанд, коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик интишори чунин китобро дар ҷомеаи мусулмонии Тоҷикистон амали нораво хондаанд.

XS
SM
MD
LG