Пайвандҳои дастрасӣ

СҶБ зоиринро аз бемории роҳҳои нафас ҳушдор дод


Вируси MERS

Вируси MERS

Мақомоти раҳбарии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз миллионҳо нафар мусулмононе, ки маросими ҳаҷро анҷом медиҳанд хостааст, то аз сирояти бемории роҳҳои нафас, ки дар Ховари Миёна пайдо шудааст, худро эҳтиёт кунанд. Ин бемориро ба забони англисӣ мухтасар MERS мегӯянд.

Марк Ҷайкобз-мудири бахши бемориҳои гузарандаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Ғарби Уқёнуси Ором 10 июл гуфт, шустани даст ва дурӣ ҷустан аз одмоне, ки сулфа мекунанд, яке аз роҳҳои оддии пешгирӣ аз сирояти вируси ин беморӣ мебошад.

Ҷейкобз ҳамчунин гуфт, хатари камтаре вуҷуд дорад, ки афроди дар ҷараёни ҳаҷ ба ин беморӣ гирифторшуда баъд аз бозгашт ба ватанашон ин бемориро ба дигарон сироят кунанд. Ба гуфтаи вай, ин беморӣ зотан гузаранда нест, бо вуҷуди ин то ҳол аз он 287 нафар даргузаштаанд ва ҳамаи онҳо сокинони кишварҳои Хоҳари Миёна будаанд.

XS
SM
MD
LG