Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлаталӣ Саидов раиси Шӯрои нозирони ТАЛКО таъин шуд


Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон раиси Шӯрои нозирони ширкати ТАЛКО таъин шудааст.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати ТАЛКО рӯзи 10-уми июл бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини аввали сарвазири кишвар ҳамзамон масъулияти раиси Шӯрои нозирони Талкоро ба душ гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласа дар моҳи ноябри соли гузашта зимни муарафи кабинет сарвазир ва аъзои нави ҳукумати Тоҷикистон Давлаталӣ Саидовро дар симати муовини нави сарвазир ба ҷои Матлубхон Давлатов эълон карда буд. Давлаталӣ Саидов яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад, ки баъд аз интихоботи ахири раиси ҷумҳур ба мансабҳои баланд роҳ ёфт.

XS
SM
MD
LG