Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони дифоъ ба Александр Содиқов китоб дастрас карданд


Вакилони дифои Александр Содиқов, мегӯянд, барои зерҳимояашон чанд китоби илмӣ, аз ҷумла "Луғати русӣ –олмонӣ" дастрас кардаанд.

Ҳасан Кавраков, яке аз вакилони мудофеъи Александр Содиқов рӯзи 10-уми июд ба радиои Озодӣ гуфт, ин бори дуввум аст, ки онҳо бо зерҳимоашон дар Боздоштгоҳи мувақатии кумитаи амният ё худ сизо СИЗО мулоқот карданд ва бо хоиҳиши Содиқов барои ӯ чанд китоб дастрас карданд.

Ба нақли Ҳасан Кавраков Александр Содиқов гуфтааст, ки аслан барои мутоила аз китобхонаи муасисаи СИЗО истифода мекунад ва агар ба мақола ва ё сарчашмаи илмие ниёз пайдо кард хоҳши мекунад барояш дастрас кунанд.

Ин бори дуввум аст, ки вкилони дифоъ бо Александр Содиқоввомехуранд ва тавре вакилон нақл мекунанд вай ҳеҷ шикояте надорад ва ҳамсараш низ дар ҳузури муфатишони КДАМ бо ӯ чанд маротиба мулоқот кард.

Унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада Александр Содиқови 31-сола зодаи ноҳияи Панҷакент буда, дар Душанбе дар Донишгоҳи славянӣ таҳсил кардааст ва аз соли 2011 дар Канада ба сар мебурд. Ӯ дар аввалҳои моҳи июн ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 16 июн дар Хоруғ, ҳангоми мусоҳиба бо раиси созмони вилоятиии ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов боздошт шуд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон Содиқовро ба ҷосусӣ айбдор мекунанд, вале нагуфтаанд, ки ба нафъи кадом кишвар. Ӯ феълан дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе қарор дорад ва ба иловаи вакили дифои давлатӣ Зафар Расулов, хонаводааш барои дифоъ аз Содиқов ду вакили дигар – Абдуқаюм Юсуфӣ ва Ҳасан Кавраковро интихоб кардаанд.

XS
SM
MD
LG