Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президент бо мақомоти қудратии Тоҷикистон


Ҳайати мушовараи Додситонии кулли Тоҷикистон субҳи рӯзи 10-уми июл дар «Кохи Ваҳдат» оғоз шуд, ки дар он намояндагони баландпояи мақомоти қудратии кишвар даъват шудаанд ва қарор аст дар он президенти кишвар суханронӣ кунад.

Тавре хабарнигори Озодӣ аз назди бинои «Кохи ваҳдат» хабар дод аз соати 7-и субҳ номнависии меҳмонон барои ширкат дар ин мулоқот шурӯъ шуд.

Дар нишасти имрӯз намояндагони масъули Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати дифоъ, Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Додгоҳи олӣ ва намояндагони дигар ниҳодҳои интизомӣ ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, президент Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи амниятии кишвар, ҷурму ҷиноят ва бахусус оид ба вуҷуди ришвату фасод дар мақомоти интизомӣ, ҷараёни баррасии мунсифонаи парвандаҳо ва масоили дигари марбут ба тартибу интизом дар инҳодҳои қудратӣ суханронӣ хоҳад кард.

Ин бори аввал аст, ки нишасти ҳайати мушовараи Додситонии кулл берун аз бинои он дар «Кохи ваҳдат» сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG