Пайвандҳои дастрасӣ

Кумиссюни шикоятҳои интихоботӣ Абдуллоҳро ба ҳамкорӣ даъват кард


Кумиссюни шикоятҳои интихоботии Афғонистон аз номзади интихоботи президентӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ даъват кард, бо мақомоте ҳамкорӣ кунад, ки гумонҳои ӯро ба тақаллуб дар интихобобт пажӯҳиш доранд. Раиси кумиссюн Абдулсаттор Содот рӯзи 9-уми июл дар Кобул гуфт, ситоди Абдуллоҳ беҳтар аст, аз бойкот кардан дида бо кумиссюн дар бораи қонуншиканиҳо суҳбат кунад. Бино бар натиҷаҳои пешакие, ки кумиссюни интихоботӣ эълон кард, Ашрафғанӣ Аҳмадзай аз Абдуллоҳ дида 1 миллион раъйи бештар гирифтааст. Аммо Абдуллоҳ инро натиҷаи тақаллубе медонад, ки бо ҳамдастии Кумисюни марказии интихоботии Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст.

XS
SM
MD
LG